Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

06.11.2024
Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муқаррарии ҳуқуқӣ аз 10 бобу 100 модда иборат аст.

Ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.

Конститутсия истиқлоли давлатиро ба расмият дароварда, дурнамои рушди ҷомеаи навинро муайян ва бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин намояд. Маҳз Конситутсия ба мо имкон дод, ки мо имрӯз дар ҷомеаи феълӣ озодона кору фаъолият намоем.

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷашни пуршукӯҳи 30-юмин солгарди қабули муқаддастарин ва арзишмандтарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳар як сокини кишвар саломативу сарбаландӣ, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту инкишофро орзумандем.

Возврат к списку